(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд баҳри дар амали татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нишондодҳои "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040», Барномаи омўзиши забони русӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр аз фанҳои математика, забони русӣ ва табиатшиносӣ олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.

Дар даври ниҳоии олимпиада, 170 нафар ғолибони даври мактабӣ иштирок намуданд ва соли ҷорӣ бори аввал олимпиадаи фанни табиатшиносӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ сурат гирифт.

Дар ҷараёни баргузории олимпиада намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуда, таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии мо пеш аз ҳама баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисобдонӣ, муайян намудани хушзеҳнӣ, қобилияти фикрронӣ, дараҷаи саводнокӣ, дарёфт намудани хонандагони қобилиятнок, ташаккули маърифати омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, таваҷҷуҳ ба забономўзӣ, ҷалб ва омода намудани хонандагони болаёқат барои иштирок дар олимпиадаҳо мебошад.