(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Донишкадаи иқтисоди ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов дар ҷаласа баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мулоқоти мазкур баҳри татбиқи нишондодҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта мебошад. Таъкид шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Коррупсия яке аз монеаҳои ҷидди рушди суботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўйи Давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар илми ҳуқуқшиносӣ мафҳуми коррупсия ҳамчун амали зиддиҳуқуқӣ ва кирдори хавфноки ҷамъиятӣ эътироф карда мешавад.

Сипас ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Аҳмадзода роҷеъ ба Стратегияи муқовимат ба экстермизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳадафи мубориза бо экстремизм ва террорим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии Давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.

Мулоқот бо мубдилаи афкор доир ба мавзуъоти матраҳгардида анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд