(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўзҳо фазои Тоҷикистони азизу маҳбубамон бо шарофати заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амну осоишта буда, кўдакон хурсандии тифлона доранд, пирони рўзгордида давлати пирӣ меронанд, ҷавонони саодатманд дар пешрафти Ватани дилоро саҳми хешро мегузоранд, ки ин ҳама ба шарофати Истиқлоли давлатӣ аст.

Хушбахтона бо дарки ин неъматҳо шаҳрвандони асил ва маърифатпешаю содиқ бо тарбияи фарзандони солеҳи ватандўст онҳоро ба хизмати Модар-Ватан раҳнамоӣ менамоянд, ки дар шаҳри Хуҷанд сафи ин зумра фардони меҳанпараст рўз аз рўз меафзояд. Онҳо имрўз бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардида, омодагии хешро баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳор медоранд.

Таъкид менамоянд, ки хизмати Модар-Ватан-қарзи шаҳрвандии худро дар фазои амну осоишта адо намуда, бо сари баланд мактаби мардонагиро адо намуда, ба назди аҳли оилаи худ бармегарданд ва баҳри ободонӣ ва шукуфоии кишвари азизамон саҳми босазои худро мегузоранд.

Ин зумра ҷавонони саодтманди диёр изҳор медоранд, ки қадру қиммати сулҳ, Ваҳдати миллӣ хеле гарон аст ва ҳар як нафар фарзанди воқеии Ватан барои ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани ин арзишҳои муқаддас бояд кўшиш намояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамасола тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монда шуда, аз шаҳри Хуҷанд низ ҳамасола садҳо нафар ҷавонони шуҷои Ватан баҳри ҳифзи марзу буми Ватанамон сафарбар карда мешаванд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд; “Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузурги ҳар як фарзанди бонангу номуси мамлакат аст”. Бо қаноатмандӣ изҳори назар кард, ки сол аз сол сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои адо намудани қарзи шаҳрвандии хеш бисёр гашта истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд