(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, комиссариати ҳарбӣ, Комиссияи даъватии шаҳр, раисони маҳаллаҳо ва дигар масъулин ҷаласаи Ситоди Комиссияи даъватӣ ҷиҳати сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбии даъвати баҳоронаи 2023 баргузор гардид.


Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ беҳтар шуда, дар ин радиф шумораи ҷавонони бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ раванда рӯ ба афзоиш дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон эътибори махсус зоҳир менамояд ва мунтазам дар қисмҳои ҳарбӣ рӯзи дарҳои кушод мегузаронад. Дар доираи рӯзи дарҳои кушод ҷавонон ва волидони онҳо имкон доранд, ки бо шароити хизмат ва зиндагии аскарону афсарон аз наздик шинос шаванд.

Сипас, оид ба ҷараёни ба даъвати баҳоронаи соли 2023 Раиси Комиссияи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода ҳисобот дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеъии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имконот истифода мекунад. Зеро дар марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти Давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад. Мувофиқи моддаи 43-и Конститутсияи мамлакат ҳифзи Ватан, ҳимояи манифати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Комиссари шаҳр Қурбоналӣ Сулмонзода доир ба корҳои анҷомдодашуда ҳисобот дода, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳар ҷавонмарди синни аз ҳаждаҳ боло аллакай ҳимоятгари оилаи худ, дўстону ҳамсолони худ, маҳалли худ, зодгоҳу давлати худ мегардад. Ҷисму рўҳи қавии ҳар ҷавонмард аз поктинатию бовиҷдонии ў, ғурури баланди миллӣ доштанаш гувоҳӣ медиҳад. Чун ба ҷавонони ин синну сол менигарем, яқин боварӣ ҳосил мекунем, ки дар ҳақиқат, ватанамон ҷавонони шуҷоъ, ҷасур ва бонанг дорад. Илова ба ин, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизу муқаддаси моро ҷавонону мардони бовиқор нигаҳ медоранд.
Зимни таҳлили вазъ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раисони маҳаллаҳо даъват ба амал овард, ки ҳамоҳангиро бо комиссияи даъвати ҳарбӣ, бахусус комиссирати ҳарбӣ ҷоннок намуда, бо роҳандозии корҳои тарғиботӣ ташфиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ ватандӯстии шаҳрвандон баҳри иҷрои нақшаи даъвати баҳорона мусоидати фаъол намоянд.

Зикр шуд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор ба ҳар ҷавони синни даъватӣ маҳсуб меёбад. Ифтихор аз он бояд кард, ки ватани мо соҳиби Артиши миллӣ буда, қодир аст дар он ҷавонони бонангро аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват, аз ҷиҳати сиёсӣ пухтаву зирак омода гардонад. Ду сол хизмат дар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати зиндагии осоиштаи хонадони ҳар хизматчӣ, орому осоиштагии кишвар ва ояндаи дурахшони кўдакону ҷавонон мебошад.

Аз он мефахрем, ки волидайни нексиришт фарзандони паҳлавону қавиирода, нотарсу далер ва шуҷоъро тарбия дода, барои ҳимояи Ватан-Модар, хоҳарону додарон, дўстон ва дигар шахсони мўҳтоҷ раҳнамо мешаванд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд