(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як зумра собиқадорон ва беморонро аёдат карда, кўмакҳои моддӣ ва ғизоӣ намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори хизмати давлатӣ Абдураҳим Расулов, бознишастагони соҳаҳои иҷтимоӣ ва маориф Баҳрӣ Хоҷаева, Муҳаррам Абдурасулова ва дигаронро аёдат намуда, аз хизматҳои анҷомдодаи онҳо ёдоварӣ карда, таъкид дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба ин қишрҳои ҷомеа ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави вилоят ин табақаи зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдомҳои ташаббуси хайрхоҳона инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд мегарданд.

Аёдатшудагон собиқадори хизмати давлатӣ Абдураҳим Расулов, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои муҳими давлатӣ, аз қабили раиси шаҳри Гулистон, муовини Раиси вилоят ва муовини Сарвазири мамлакат ва ғайраҳо кору фаъолият намудааст ва бознишастагони соҳаҳои иҷтимоию маориф барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд