(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисию табобатии «Садаф» бунёд шуда истодааст.

Ин иқдом аз ҷониби муассиси ҶДММ “Садаф” Наимҷон Тўраев гирифта шуда, дар ояндаи наздик баъди истифодадиҳии он дар ин маркази ташхисию табобатӣ маҷмуъи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рўй, гузоштани имплантат, дармонгоҳи кўдакона, шуъбаи асаб, шуъбаи бемориҳои дил ва ғайраҳо роҳандоза карда мешавад. Ба марказ мутахасисони баландихтисоси соҳа ҷалб карда мешавад. Оянда 40 нафар соҳибтаахаасусон дар ин марказ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.

Бинои Марказ аз 4 ошёна ибора буда, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои пардозкунӣ оғоз гардидааст.

Зимни боздид Рааиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба соҳибкор Наимҷон Тўраев ҷиҳати иқдоми нек ва дар яондаи наздик фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ташхису табобат барои сокинон изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри беҳтар намудани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари хизматрасонӣ дар ин маркази тиббӣ тавсияҳои муфид доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд