(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар маҳаллаи “Темурмалик”-и шаҳр бо раванди сохтмони коргоҳи коркарди гўшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиби ҶДММ”Насиби ширин”шиносоӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Салимҷон Ҷўраев бунёд гардида, он асосан ба коркарду басту банди гўшти мурғ ва дар ояндаи наздик ба истеҳсоли ҳасиб машғул хоҳад шуд. Мурғҳои забҳмешуда пурра дар фермаи ин ширкат парвариш меёбанд. Корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ бомаром идома ёфта, таҷҳизоти коргоҳ, ки истеҳсоли кишварҳои Чин ва Туркия мебошад то охири соли 2023 ворид карда мешаванд. Ҳаҷми аввалияи сармоягузории ин тарҳ беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки дар марҳилаи аввалияи корандозии корхона коркарди гўшти мурғ ба назар гирифта шудааст. Дар марҳилаи дуюм соҳибкор Салимҷон Ҷўраев иқдом гирифтааст, ки бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли ҳасибҳои гуногуннавъро ба роҳ монад. Баъди истифодадиҳии марҳилаи аввали ин коргоҳ беш аз 40 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ширкат ҷиҳати суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани технологияи муосир дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд