(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt11 нафар тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналхалқӣ аз арифметикаи зеҳнӣ, ки санаи 25-уми марти соли 2023 дар шаҳри Дубайи АМА баргузор гардид, иштирок карда, аз байни 220 нафар довталабони ин озмуни байналмилалӣ мақомҳои ифтихориро касб намуданд.

Дар Олимпиадаи байналхалқӣ хонандагони давлатҳои АМА, Русия, Қазоқистон Қирғизистон, Ўзбекистон ва Тоҷикистон иштирок намуда, кишвари моро тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор»-и шаҳри Хуҷанд муаррифӣ намуда, дар натиҷа 5 медали тилло, ду медали нуқра ва 4 медали биринҷиро соҳиб шуданд. Ҷоизадори хурдтарин иштирокчии Олимпиада Орифҷон Бобоҷонови 4 сола низ аз Тоҷикистон муаррифӣ шуда, бо диплом ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуд.

Ҳамин тавр, муҳассилини Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор»: Умар Тиллоев, Наҷминисо Бобоҷонова, Муҳаммад Абдуллоев, Абдулазиз Абдуллоев ва Оқилбой Оқилов мақоми аввал ва соҳиби медали тилло, Муҳаммадназар Назарзода ва Орифҷон Бобоҷонов мақоми дуюм ва бо медали нуқра, Ҷаҳонгир Мирзоев, Абдулло Абдуллоев, Муҳаммадшариф Турсунов ва Юсуф Азимӣ соҳиби мақоми сеюм, яъне медали биринҷӣ сарфароз гардида, ба Ватан сарбаландона баргаштанд.

11 нафар ғолибони Олимпиадаи байналхалқии «Арифметикаи зеҳнӣ»-и шаҳри Дубай ғолибият ба даст оварданд, фориғ аз машғулиятҳо дар Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор»-и шаҳри Хуҷанд донишҳои арифметикии худро такмил медиҳанд, муҳассилини макотиби шаҳрҳои Хуҷанду Бўстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки Маркази инкишофи зеҳнии "Пифагор" дар шаҳри Хуҷанд соли 2016 таъсис ёфта шуда, тӯли 7 сол инҷониб фаъолият мебарад. Дар давоми 7 сол зиёда аз ҳазор нафар хонандагон ин Марказро хонда ба итмом расониданд. Аз соли 2016 то инҷониб зиёда аз 200 нафар хонандагони Марказ дар якчанд олимпиадаҳои байналмиллалӣ дар шаҳрҳои Москва, Миср, Туркия, Дубай ва ғайра иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гаштаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд