(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба биноҳои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи тиббии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари лоиҳаи бинои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои маъмурии сохташаванда аз таҳхона ва шаш ошёна иборат ва дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ дар назар дошта шудааст. Дар бинои мазкур ошхона, хобгоҳ, 17 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ барои 500 нафар, утоқҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки иншооти мазкур дар моҳи сентябри соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Шуъбаи тиббии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд аз чор ошёна, таҳхона ва болохона иборат буда, дар ояндаи наздик дар ин бино тамоми шроити тахшису табобат барои кормандони мақомоти милитсия муҳайё карда мешавад.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода назди ҳозирин баромад карда изҳор доштанд, ки кормандони далеру шуҷои милитсияи тоҷик аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузашта, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа аз худ садоқат, далерӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва инсондӯстӣ зоҳир намуда, бо баҳои ҷони худ якҷо бо родмардони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат манфиатҳои миллату давлат ва соҳибистиқлоливу соҳибватаниро бо фидокориву ҷоннисорӣ ҳимоя ва таъмин намуданд.

Давлат ва мардуми Тоҷикистон ҷасорату ҷоннисории фарзандони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва номи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд. Солҳои душвору вазнини гузашта таҷрибаву малакаи касбӣ ва матонату мардонагии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро тақвият бахшида, онҳоро ба муборизаи беамон бар зидди унсурҳои сиёҳкору ҷиноятпеша ва халалдорсозандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ҳидояту раҳнамоӣ карданд.

Имрӯзҳо аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани фаъолияти кории кормандони мақомоти милитсия тамоми шароитҳо муҳайё гардида истодааст, ки намунаи нави он оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи тиббии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд мебошад.

Ба масъулини сохтмон дастур дод, ки корҳо босифат ва дар муҳлати муайяншуда анҷом дода шавад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарияти ШБДА-и шаҳри Хуҷанд автомашинаи нави хизматӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд