(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

НАВРЎЗУ РЎЗИ НАВ ҲУМОЮН, ДЎСТОН!

Ҳамшаҳриёни арҷманд, меҳмонони азизи шаҳри хуршедӣ, сокинони сарбаланди Хуҷанд!

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Навруз азизу арҷманд нест. Навруз пайвандгари насли имрўз бо расму оин, арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

Ҷашни Наврўз аз қадимтарин ва густурдатарин ид буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Наврўз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рўз мебошад.

Ҳанўз 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, Қарорномаи “Рўзи ҷаҳонии Наврўз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманис-тон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Кунун соли 13-ум аст, ки дар кишварҳои ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таҷлил мегардад.

Ба ин муносибати фархунда ҳамаи шуморо бо фарорасии ҷашни Наврўз самимона табрик мегўям. Орзумандам, ки ин ҷашни байналмилалӣ ба сарзамини хуршедии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, нерўи созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ ҳадя меоварад.

Наврўз дар таърихи миллати мо чун оинаест, ки гирудори аҷнабиёни соҳибқудрат ва сарнавишти халқи ҷафокашидаи тоҷикро таҷассум менамояд. Фарзандони бузурги миллати мо, сарфи назар аз ҳангомаҳои мазҳабӣ ва гирумони меҳробу минбар, дар ҳама давру замон қадру қиммати забони шевои модарӣ, суннату оинҳои наҷиби аҷдодӣ, илму фарҳанги оламгир ва шеъру ҳикмати ибратомўзро пос дошта, аз насл ба насл расонидаанд.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврўз – ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё гардида, мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ҳоло ба яке аз беҳтарин оинҳои мардуми мамлакат табдил ёфтааст.

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кўдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунёди боғҳо, корхонаҳои истеҳсоливу роҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Сокинони Хуҷандшаҳр масъулияти хешро дар роҳи ободии Ватан ба хубӣ дарк кардаанд ва дар ин самт фаъолияти гус-турдаро ба роҳ мондаанд.

Мо бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои озоду сулҳу субот, кишвари соҳибихтиёру обод Наврўзро мутантан таҷлил менамоем.

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номус, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерўи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созад.

Итминони комил дорем, ки ҷашни Наврўз ҳамчун пайвандгари дирўзу имрўз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодонамон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони ояндасози мо, ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат менамояд.

Бигзор, Наврўзи имсола ба хонадони мо - кулли тоҷикони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам паёми бахту саодат ва сулҳу субот оварад.

Бо ибрози нияту орзуҳои нек, бори дигар кулли меҳмонон ва ҳамшаҳриёни азизро ба ифтихори ҷашни Наврўзи Аҷам самимона шодбод мегўям, ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи баланд, зиндагии орому осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон Наврўзи ҷовидониро таманно дорам.

Наврўзатон фархундаву ҳумоюн бод, дўстони гиромӣ!