(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар саҳни ҳавлии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи тандурустӣ Наврўзи байналмилалро ботантана қайд нмуданд.

Азаматхўҷа Воҳидов директори Марказ кормандонро бо фарорасии ҷашни мубораки миллӣ-Наврўзи хуҷастапай самимона таҳният гуфта, таъкид намуд, ки тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад.

Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд.

Зикр шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.
Мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем.
Дар идомаи чорабинӣ бо иҷрои суннатҳои наврўзӣ, аз ҷумла пухтани сумалак ба он ҳусни дигар зам намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд