(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба маҳаллаи «Темурмалик» ташриф оварда, сокинони ин маҳалларо бо ҷашни Наврўз шодбош гуфтанд.


Раиси вилоят зимни табрикоти худ таъкид дошт, ки миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобарориҳо ва истилои фоҷиабору харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт. Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён Наврӯзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст. Бинобар ин, Наврӯз бо ҳама расму суннатҳояш дар шарёни мардуми мо зинда монд ва ҳатто баъди истилои сарзамини аҷдодии мо аҷнабиён, ки рӯҳи миллии гузаштагонамонро шикаста натавониста, онро бо номи аслияш, яъне Наврӯз пазируфтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки мо Наврӯзи имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари кишвари маҳбубамон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкори созандагӣ ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ идома ёфта, нерӯи иқтисодии давлат ва фарҳанги сиёсии миллат таҳким меёбад. Ҳоло мардуми тоҷик дарк намудааст, ки истиқлолияти воқеиро танҳо бо заҳмати гарону созанда, тафаккури пешрафтаю технологияи муосир, эҳсоси гарми ватандӯстию масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард.

Таронаҳои ҷолиб ва намоиши анвои таъомҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд