(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСокинони маҳаллаи «Темурмалик»-и шаҳри Хуҷанд бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ, пухтани сумалак ва дигар таомҳои миллӣ, муаррифии намунаҳои маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар назди чойхонаи ҳамноми маҳалла Иди байнлмилалии Наврўзи хуҷастапайро истиқбол намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба маҳаллаи «Темурмалик» ташриф оварда, сокинони ин маҳалларо бо ҷашни Наврўз табрику таҳният гуфтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни табрикоти гуфт, аз ҷумла қайд намуд, ки бо омадани Наврӯз ҳар як хонадони кишвари маҳбуби мо аз шодию фараҳ пур мешавад ва пайки Наврӯзӣ хурду калонро ба сӯйи сайргоҳҳои идона ва пешвози суннати қадимаи ниёгони некномамон мехонад. Мехоҳам дар арафаи фарорасии ин иди шодиву зебоӣ тамоми сокинони маҳалларо самимона муборакбод гуфта, бароятон бахту саодат, хонаи обод, зиндагии осуда ва сарсабзию комёбиҳо орзу намоям. Наврӯз дар тасаввур ва оини миллати қадимаи мо ва умуман нажоди ориёи иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст.

Наврӯз, ки як иди хеле табиист, на танҳо ба дили мардумони ориёӣ, балки ба қалби халқу миллатҳои дигар ҳам ба таври ҷовидонӣ маскан гирифтааст. Ин яке аз далелҳои равшани нақши тамаддунсози миллати куҳанбунёд ва фарҳангии мост. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро ба монанди забони модарии худ некӯ нигаҳ дошт.

Таъкид шуд, ки имрӯз мо аз он ифтихорманд ҳастем, ки аз шарофати сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолият ҳисси худшиносию ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорию ватанпарастӣ, пос доштани мероси таърихию арзишҳои фарҳангӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии халқи тоҷик хеле пеш рафта, ҳамаи ин дастовардҳо моро зина ба зина сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравад.

Сипас аҳли маҳалла дастархони идонаро бо суманаку таомҳои хоси Наврӯз ороста, хурду калон онро бо руҳияи баланд ҷашни миллиро таҷлил намуданд.

Ҳунарнамоии сарояндагон ва шеърхониҳои наврасону ҷавонон ба тантанаҳои идона шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд