(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Ҷашни Наврўзи байналмилал тантанаҳои наврўзӣ баргузор гардид.

Дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд низ ҷашни Наврўз ботантана таҷлил карда шуд.

Наамояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба ин муассисаи иҷтимоӣ ташриф оварда, онҳоро аз номи роҳбарияти шаҳру вилоят бо ҷашни Наврӯз таҳният гуфтанд.

Таъкид шуд, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад.

Ҳоло хурду бузурги кишварамон ба Наврӯз ва суннату ойинҳои он арҷ мегузоранд, барои дар сатҳи баланд доир намудани он омодагӣ мегиранд ва ин суннати деринаро бо шодмониву нишоти хосса таҷлил мекунанд.

Мутафаккири бузурги халқамон Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯзро “пешонаи сол” ҳисобида, ин ойини мардумиро оғози эҳёи табиат ва омили баракати заҳмати деҳқон ва фаровонии хони мардум медонад.

Воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Қомат афрохтани даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, толору майдонҳои варзиш, инчунин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ низ, ки натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми диёрамон мебошад, нишонаи возеҳи ободӣ, рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии ҳамватанонамон, аз ҷумла сокинони шаҳри азизамон ба ҳисоб меравад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд