(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАҳли тарбиятгирандагони МТТ №31-и шаҳри Хуҷанд бо суруру шодмонӣ Наврўзи хуҷастапайро истиқбол намуданд.

Дар маҳфил бо оростани хони наврӯзӣ ва иҷрои расму оинҳои он тарбиятгирандагон бо ифтихор аз Наврўзи аҷдодӣ таҷлил намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳар як қавму миллат дар тўлу арзи ташаккули фарҳангии худ барои ба ваҷҳи некў ва созгор мўҳрабандӣ намудани сарриштаи кору рафтор бо табиат солшумории муайянеро ихтиёр кардааст, ки ба гардиши офтобу моҳтоб ва ё муҳимтарин рўйдодҳои таърихӣ вобаста будааст. Дар ин робита, ҳамасола ҷашнгирии Наврӯз воқеиятест ба фарорасии тавозуни табиӣ, баробарии шабу рӯз аз оғози рӯзи наву умед ба орзую омоли наҷиб барои оянда инсоният.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Маҳз дар баробари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ Наврӯз низ дар даврони истиқлолият чеҳраи нав гирифт.

Боисти ифтихору сарфарозист, ки бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23 феврали соли 2010 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ки дар он 21 март рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.