(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМураббиёну тарбиятгирандагони МТТ №35-и ба номи “30 - солагии Истиқлол” бо шукргузорӣ аз сулҳу Ваҳдати миллӣ, фазои орому осоиштаи кишвар Наврӯзи байналмилалро дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намуданд.

Тарбиятгирандагон ва мураббиён бо оростани дастархони наврӯзии фарогир бо ҳафт сину ҳафт шин ва ҳафт мим, таъомҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд. Бо пухтани оши палав, замзамаи суруди дӯстони домод ва дигар таронаҳои наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуданд. Байни духтарон ва писарон санъати бадеҳагӯйӣ бо маҳорати хуб ироа гардид.

Таъкид шуд, ки Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву накўӣ, шукуфоиву арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шудааст. Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ифода кардаанд, «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст».