(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шўъбаю бахшҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода нахуст таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба корҳои омодагӣ ба таҷлили бошукуҳи Наврўзи байналмилал, аз ҷумла омода намудани иншооти ҷашнӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст. Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем. Боиси сарфарозист, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои идонаи Наврўзи ҷумҳуриявӣ соли ҷорӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати дар сатҳи баланду сазовор истиқбол намудани ин ҷашни умумимиллӣ ҳамагон саъю талош варзем.

Таъкид гардид, ки фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст. Аз ҷумла, обод намудани кўчаву хиёбонҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, тозаву озода гардонидани хонаву кошона, хиёбону маҳалҳои зист ва дигар амалҳои ободонӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва мунаввар гардонидани шаҳри бостонии Хуҷанд равона намоем.

Фирдавс Шарифзода ба масъулини кўчаву хиёбонҳо ва раисони маҳаллаҳо дастур дод, ки корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва дарахтшинонию гулзоркуниро вусъат бахшида, намои зоҳирии маҳаллаву кўчаҳоро ба фазои идона мубаддал гардонанд. Ба масъулини дахлдор ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор кардани Фестивали гули лола ва таъомҳои миллии наврӯзӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Зикр гардид, ки гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ бо нияти нек таҳкурсии ободиҳои гуногунро мегузоштанд, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва барои осудагиву фаровонии ҳар як хонадон замина муҳайё месохтанд.

Мо низ бояд ин анъанаи шоистаи наврӯзиро идома бахшида, барои ободиву сарсабзии шаҳрамон талош намоем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд