(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altЧун анъана маросими навбатии Шаҳодатномаву идрорсупории муҳассилини Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспири шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар маросими бошукуҳ хонандагону омўзгорон, волидайн ва меҳмонон ҳузур доштанд.

Директори Марказ Ҳамида Ўрунова иттилоъ дод, ки Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 15 сол инҷониб фаъолият дошта, ба омўзонидани забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, курсҳои интенсивии равоншиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо забони англисӣ машғул аст. Дар Марказ зиёда аз 10 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба, докторони илм, номзадони илм, Аълочиёни маориф бо маоши хуб ва ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Аз тарафи муассиси Марказ ва меҳмони олмонӣ Клаҳсен Ҳаралд ба якчанд нафар омӯзгорони фаъол, ки хонандагонашон ба комёбиҳо мушарраф гардидаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас якчанд озмунҳои дохилимуасисавӣ натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳои забономӯзии дараҷаҳои B1 ва B2 аз руйи равияҳои англисӣ ва олмонӣ тақдим карда шуд.

Доирабазм, рақсу сурудҳои ҷолиб ба қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.