(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар тарабхонаи "Яккасарой"-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" баргузор ва аз руйи номинатсияи "Ороиши дастархон ва доштани малакаи дурусти истифода, гузоштани зарф ва ашёи болои миз" намояндаи шаҳри Хуҷанд Нигора Алимова мақоми аввалро ишғол намуд.

Бояд қайд намуд,ки озмуни "Кадбонуи беҳтарин" ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2023, №24/10-8 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 феврали соли 2023, № 58 «Дар бораи ташкил ва баргузор кардани Озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин», бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хуришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона ташкил гардидаст.

Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, ҷалби кадбонуҳо, дарёфти занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллие, ки аз байн рафтаанд ва ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо,
омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои кории нав, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ҳамасола ташкил ва роҳандозӣ карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд