(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҳудуди майдонҳои Муасисаи давлатии “Маҷмааи варзишии ба номи 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ» ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ шинонида шуданд.


Ин иқдом бо ташабуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардида, дар ин рўз аз ҷониби кормандони Сарраёсати ободонӣ сад бехӣ ниҳолҳои санавбари қримӣ, ардач, каталпа, савр ва ғайраҳо мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агротехникӣ шионида шуданд.

Фирдавс Шарифзода оид ба сабзазоркунӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, оғози гулзоркунии кўчаву хиёбонҳои шаҳр ба истиқболи ҷашни Наврўзи байналмилал сухан гуфта, ҷиҳати тақвияти корҳо ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.

Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва парваришу нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳои шинонидашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Бояд қайд наамуд, ки имрўзҳо дар кўчаву хиёбон ва майдонҳои ҳудуди муассисаву ташкилотҳои шаҳр маъракаи густурдаи ниҳолшинонӣ давом дорад ва то ба имрўз беш аз 2000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд шинонида шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд