(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altНИҲОДИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРӢ

Бо камоли эҳтиром ва самимият шумо, кормандони мақомоти прокуратураро ба муносибати Рўзи касбиатон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда ва хуррамию шодмониро орзу менамоям.

Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ буда, фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд: «Прокуратура ягона мақоме мебошад, ки ваколатҳои он ба тамоми ташкилоту корхона, сохтору ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ва доираҳои гуногуни аҳолӣ татбиқ мегардад».

Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши муҳими мақомоти прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддиву техникӣ ва кадрии он тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Баҳри амалигардонии сиёсати дурбинона ва муваффақонаи Сарвари давлат бо кўшишҳои назаррас ва чораандешиҳои доимии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода такмили фаъолияти мақомоти прокуратура, таъмини шароити мусоиди корӣ ва зисти онҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, онҳо зери таваҷҷўҳу дастгирии доимӣ қарор доранд.

Ҳанўз дар даврони истиқлолият мақомоти прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро кард ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзишманд гузошт.

Фаъолияти мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ назаррас аст.

Бори дигар ҷашни касбиатонро табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар иҷрои ин рисолати пуршараф ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди устувори давлат ва суботу оромии ҷомеа барору комёбиҳо орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак!