(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба Муассисаи давлатии Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд номгузорӣ намудан ба номи Фазлиддин Шарипов аз ҷониби вакилони халқ якдилона қарор қабул карда шуд.

Ба комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд, ки ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба расмият дароварда, тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд пешниҳод намояд.

Бояд қайд намуд, ки Фазлиддин Шарипов 31 январи соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1966 дар мактаби №18-уми шаҳри Хуҷанд таҳсили худро оғоз намуда, соли 1976 онро бо муваффақият хатм намуда, худи ҳамон сол барои давом додани таҳсили худ ба Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абўалӣ Ибни Синои шаҳри Душанбе ба факултаи муолиҷавӣ дохил гардидааст. Ин донишгоҳро соли 1982 бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ хатм намуда, пас аз он дар кафедраи 6 моҳаи донишгоҳ оид ба касалиҳои чашм таҳсил намуда, ихтисоси махсуси пизишки бемориҳои чашм гардидааст.

Пас аз хатми донишгоҳ аз 1983 то соли 1984 дар беморхонаи шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд, аз 1984 бо фармони Раёсати тандурустӣ ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ ба вазифаи духтури чашм, аз соли 1988 то соли 1994 дар вазифаи мудири шуъбаи бачагонаи беморхонаи клиникии вилоятӣ, аз соли 1994 то соли 1997 мудири шуъбаи калонсолони ҳамин беморхона ва соли 1997 то соли 2009 ба вазифаи сардухтури маркази вилоятии Микраҷарроҳии чашм, аз моҳи январи соли 2009 сардухтури беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва аз моҳи ноябри соли 2013 то соли 2020 сардухтури Маркази табобатии лазерии чашм кору фаъолият бурдааст.

Фазлиддин Шарипов дар тўли фаъолияти меҳнатиаш духтурони ҷавонро тарбия намуда, савияи дониши худро дар шаҳрҳои Оренбург, Душанбе, Киев, Москва ва Екатеринбург такмил додааст. Дар конфронсҳои илмию амалии шаҳрҳои Москва, Екатеринбург ва Санкт Петербург иштирок намуда, зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ба нашр расондааст. Барои ташхис ва табобати беморон якчанд таҷҳизотҳои муосирро ворид намудааст.

Кор ва фаъолияти ўро ба инобат гирифта бо унвонҳои Духтури дараҷаи олӣ, бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд ифтихорномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ сарфароз гардонида шудааст.
Фазлиддин Шарипов соли 2020 дар синни 60 солагиаш вафот кардааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд