(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади иҷрои Қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар доираи нақша чорабиниҳои Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор рӯзноманигорони собиқадори шаҳри Хуҷанд айёдат карда шуд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зимни мулоқоти самимӣ бо рӯзноманигорони собиқадори соҳибмактаб: Муҳаммадзокир Қодиров, Саиднабӣ Наҷимӣ, Зебиҷон Абдуллоева, Муҳаррама Юсуфова, Ғайрат Ҳаким, Мирзоҷон Мирзораҳматов ва дигарон Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик расонда, таъкид доштанд, ки хидмату корнамоиҳо ва садоқати аҳли қалам ҳамешагӣ дар зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои насли нави рӯзноманигорӣ мояи ифтихор ва пайравист.

Зикр гардид, ки матбуот сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифии миллат буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу кишварҳо нақши муҳим мебозад. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад. Матбуоти тоҷик аз оғози фаъолият то ба имрӯз барои пешравии ҷомеа, фаъолияти хуби мақомоту муассисаҳо ва таҳким бахшидани давлатдорию пешравии мамлакат нақши босазо бозидааст. Дар ин росто, нақши рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар саҳифаҳояшон воқеоту рӯйдодҳо, мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳонро дар қолаби жанрҳои хабару гузориш, мақолаю мусоҳиба, очерку лавҳа, памфлету фелетон, тақриз ва ғайра инъикос месозанд, хеле назаррас аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо аҳдофи неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштанд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, ба роҳбарияти олии мамлакат, вилоят ва шаҳр миннатдории хешрро баён доштанд. Таъкид доштанд, ки бояд имрӯз аҳли қалам новобаста ба шакли моликият ва соҳибият дар канори Давлату Ҳукумат истода, манфиатҳои миллӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарғиб ва ҳимоят намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд