(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМАТБУОТ СИЛОҲИ МУҲИМИ ТАЪСИРРАСОН АСТ

Рӯзноманигорон ва собиқадорону кормандони муҳтарами соҳаи матбуот!

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон соҳаи матбуот ва васоити ахбори омма ба як ҷузъи асосии маънавият, инъикосгари воқеии ҳаёти ҷомеа ва як рукни муҳими сиёсӣ табдил ёфта, таваҷҷӯҳ нисбат ба ин соҳа қадам ба қадам бештар зоҳир карда мешавад.

Ин аст, ки дар қаламрави мамлакат бо мақсади рӯ овардан ба таърихи матбуот, эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунандаи мардум ба сӯйи фардои пурсаодат, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик ҳамасола мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 11-уми март таҷлили Рӯзи матбуот, ки ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» пазируфта шудааст, далели возеҳи таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин соҳа маҳсуб меёбад. Дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки “Нури маърифате, ки аз равзанаи матбуот зиёиёни миллат рӯшан карда буданд, то ба имрӯз дилу дидаи ҳазоронро мунаввар месозад”. Дарвоқеъ ҳам, матбуот силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар қиёс кард.
Ба ин муносибат ҳамаи Шумо – кормандон, собиқадорону алоқамандони мӯҳтарами соҳаи матбуот ва аҳли қаламу суханро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон тандурустии ҷовидона, саодати рӯзгор, дастовардҳои эҷодӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон ба хотири ғановати фазои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҳидояти мардум ба меҳнати созанда ба хотири истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо орзу менамоям.
Дар марҳилаи кунунӣ матбуоти тоҷик тадриҷан рушду такомул ёфта, ба хотири пешрафту шукуфоии диёри азизамон ва мардуми сарбаланди он софдилонаю содиқона хизмат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои иттилоотиро пур намуда истодаанд, ки он бар манфиати шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Итминони комил дорам, ки аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳри ҳамешабаҳори Хуҷандро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намуда, бо истифода аз нерӯи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар ба кулли кормандони нашрияву рӯзномаҳо, ноширону собиқадорони соҳа ва кулли алоқамандони матбуот Рӯзи матбуоти тоҷикро таҳният гуфта, бароятон созандагони афкори умум саломатӣ, умри дароз ва комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодӣ орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак, аҳли қалам!