(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба Рўзи Модар дар майдони футболи гимназияи № 1-и ба номи Раҳим Ҷалил мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни духтарон доир гардид. Мусобиқа тибқи нақшаи якҷояи шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он 12 дастаҳо аз ҳисоби духтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи намуди футбол дар байни духтарон, пайдо намудани истеъдодҳои нав, муайян намудани дастаи мунтахаби шаҳр ва ҷалби бештари духтарону бонувон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳисоб меравад.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа кайд гардид, ки воқеан варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр ҷои 1-ум насиби дастаи духтарони МТМУ №10, ҷои 2-юм дастаи гимназияи № 1 ва мақоми сеюм дастаи Мактаби "Оксфорд" гардид.

Дар охир дар маросими тантанавӣ ғолибон ва ҷоизадорон бо ҷом, диплом, медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд