(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Директори коллеҷи тиббӣ Алимат Мавлонзода бонувони ин муассисаи таълимиро бо Рўзи Модар табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад.

Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо дарназардошти ин нуктаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки: «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад». Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Сипас ба якчанд нафар бонувони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ таќдим карда шуд.

Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.