(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҳузури бонувон Рӯзи модар таҷлил карда шуд.

Азаматхуҷа Воҳидов, сардори МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд кулли бонувони ин муассисаи тандурустиро таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан-модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.

Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Дар мавриди шинохтани ҳаққи падару модар ва ба ҷо овардани иззату икроми онҳо Унсуралмаолии Кайковус ба фарзанди худ чунин насиҳат мекунад: «Бидон, эй писар! Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, падару модарро сабаби ҳастии фарзанд кард.

Дар чорабинӣ дигарон низ баромад намуда, доир ба қадру эҳтироми бонувон дар ҷомеа маърӯза намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд