(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБоиси ифтихори ҳар як сокини мамлакат аст, ки моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.

Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.

Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат барои инсоният ва сайёраи мо воқеан аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.

Нақши пиряхҳо дар таҳаввулоти кураи Замин ва инсоният хеле бузург аст. Инкишофи муҳити ҷуғрофии кураи Замин бо мувозинати гармӣ ва намнокӣ муайян карда мешавад, ки он ба ҷараёни шаклгириву тағйирёбии пиряхҳо сахт вобаста аст.
Вобаста ба ин иқдоми беназири Пешвои муаззаами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз ҷониби кормандони Мақомоти ҳифзи муҳити зисти Хуҷанд овезаи калонҳаҷм дар кӯчаи Гагарини шаҳр насб карда шуд.

Масъулин ҳадафи пиёдасозии ин иқдомро боз ҳам муаррифӣ намудани иқдомоти Тоҷистон дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуда, ҳамзамон онро баҳри ғанӣ намудани маърифату фарҳанги экологии сокинон ва меҳмонони шаҳр муҳим арзёбӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд