(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи чорабиниҳои бахшида ба 30- солагии таъсисёбии Артиши Миллӣ” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъияти “Сипари Сулҳ” дар толори Арт галерияи “Сомониён”-и шаҳри Хуҷанд озмуни рассомии хонандагони мактабҳои санъат ва рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои зикргардида беҳтарин намунаҳои асарҳои эҷод намудаашонро ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳайати ҳакамон ва муттахассисони соҳа ғолибон ва иштирокчиёни фаъолро муайян намуданд ва дар вазъияти ботантана ба онҳо “Диплом”, “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои муқарраргардидаро супориданд.

Дар озмун асарҳои пешниҳод карда шуданд, ки онҳо ифодакунандаи осмони софу беғубор, сулҳу субот, машқҳои ҳарбӣ, ҳаёти сарҳадбонон, рамзу нишонҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонаҳои давлатӣ, ҷашни 30- солагии Артиши Миллӣ, гусел ва истиқболи ҷавонон ба Артиши миллӣ ва баргаштани онҳо баъди хизмат, намудҳои қӯшунҳои дар Артиши Миллӣ ва техникаҳои зиреҳпӯшу ҳавопаймоҳо тасвир ёфта буданд.

Дар рафти чорабинӣ муовини раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Азиза Мирзохӯҷаева ва раиси ташкилоти ҷамъиятии “Сипари Сулҳ” Фахриддин Ахмедов баромад намуда, барои ташкил ва гузаронидани чорабинӣ ҳамчунин дастгирии чорабинии мазкур арзи сипос баён намуда, баъд аз тақдиронидани ғолибон ба як гурӯҳ собиқадорони Артиши Миллӣ “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои ҷашнӣ супорида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд