(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд даври мактабии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» (минбаъд – озмун) бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.

Зикр шуд, ки Озмун таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дар бар мегирад. Иштирокдорони озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);
- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр);
- омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ);
- калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Дар озмуни мактаби наздик 90 нафар хонандагону омӯзгорони ин муасссисаи таълимӣ ширкат варзиданд.

Ҳайати ҳакамот тибқи низомнома ва саволномаи озмун дониши довталабонро санҷиданд.

Таъкид шуд, ки мо бояд мероси пурғановати фарҳангию таърихиеро, ки аҷдодони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаанд, ҳифз ва нигоҳ дорем. Аммо онро айнан такрор ва нусхабардорӣ накунем. Чунки таҷрибаи таърихӣ ва фарҳангии гузаштагонамон минбаъд, яъне баъди чандин даҳсолаҳо ва ҳазорсолаҳо, дар шакли тамоман дигар, дар намуди дигар зоҳир шуда, идома меёбад. Ва агар мо хоҳем, ки фардои боэътимод дошта бошем, бояд пайвастагии имрӯзу гузаштаро хирадмандона ва боэҳтиромона ба роҳ монем ва ба гузаштаи худ ҳамчун ба мактаби ҳикмат, ахлоқ, давлатдорию донишомӯзӣ нигоҳ кунем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд