(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №6-и ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Хуҷанд бори аввал аз ҷониби маъмурияти муассиса дарси ғайрианъанавӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои химия, таърих ва география дар мавзўи "Об-манбаи ҳаёт ва равшанӣ" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор гардид.

Директори муассисаи таълимӣ Наима Раҳматзода аз фанни химия, муовини директор оид ба таълим Нигора Абдураҳмонова аз фанни таьрих ва роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ Сурайё Зиёбоева аз фанни география ба таври муштарак дарси намунавӣ гузарониданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин навъи машғулият шарҳу татбиқ ва иҷрои муҳтаво ва нишондодҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, тавъамнамоии фанҳои гуманитарӣ бо илмҳои дақиқ ва санҷиши сатҳи забондонӣ ва луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ-русӣ-англисӣ» буда, ба ин васила бедор намудани завқи донишомўзии хонандагон мебошад.

Дар ҷараёни машғулият таъкид шуд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоияти якдилона Қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистонро дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро қабул кард. Тибқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ дар ин мавзӯъ баргузор мешавад.

Омўзгорони муассиса машғулияти ғайрианъанавиро мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд