(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИдораи Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки ҳаҷми асосии неруи барқ дар неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он аз резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани норасоии неруи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар , шуруъ аз 1-уми феврали соли равон маҳдудкунии интиқоли неруи барқ ба роҳ монда шудааст.

Аз ин лиҳоз аз тамоми шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки истифодабарии асбобҳои гармидиҳиро то қадри имкон кам карда, аз сарфи беҳудаи барқ ҷилавгирӣ намоянд. Дарк намоем, ки ҳар як киловат сарфаи барқ аз ҷониби сокинон, ин кафолати интиқоли доимии он ба ҳар як хонадон аст.


Идораи Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»
дар шаҳри Хуҷанд