(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» байни омўзгорони ин муассисаи таълимӣ сурат гирифт.

Дар ҷараёни озмун иштирокдорони он ба саволҳои ҳакамон, тибқи низомномаи озмун посух доданд.

Дар озмун намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Дилбар Абдуллоева, маъмурияти муассиса ва омӯзгорон ширкат варзиданд.

Таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров доир мегардад.

Зикр гардид, ки баргузории чунин озмунҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният роҳандозӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд