(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарияти тандурустии вилоят дар толори беморхонаи клиникавии шаҳрии №2 муаррифии сардухтури нави ин муассисаи тиббӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҳузури ҷомеаи меҳнатии беморхона иттилоъ дод, ки ба бинобар ба синни нафақа баромадани Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи медали «Шафқат», духтури дараҷаи олӣ, сардухтури Беморхонаи клиникавии №2 Абдусалом Ваҳҳобзода таъғироти кадрӣ ба амал омада, бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, розигии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 8-уми феврали соли равон ба тасвиб расид, ки тибқи он Ғаниҷон Боқиҷонов сардухтури беморхонаи клиникавии шаҳрии №2 таъин карда шуд.

Фирдавс Шарифзода аз хизматҳои бисёрсола ва пурзаҳмати Абдусалом Ваҳҳобзода ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки мавсуф аз зумраи инсонҳои фидокор ва ғамхору меҳнатдўст буда, дар тарбияи мутахасисони ҷавон, рушди соҳаи тибби шаҳру вилоят, ободии сарзамин саҳми арзанда гузошта меояд. Солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои пурмасъулияти сардухтури якчанд беморхонаҳои шаҳр то сардори Раёсати тандурустии вилоят хизматҳои шоён анҷом додааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сардухтури навтаъин Ғаниҷон Боқиҷонов аз соли 1998 то ба имрўз дар соҳаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои гуногуни беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 кор мекард. Аз соли 2015 то ба имрўз дар маснади мудири шуъбаи амрози дарунии №2-и беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 фаъолият дошт.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилоят низ аз хизматҳои бисёрсолаи Абдусалом Ваҳҳобзода дар рушди тандурустии вилоят ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки кору пайкор ва таҷрибаи ин табиби номвар дар оянда низ фаровон истифода хоҳад шуд.Зеро чунин мутахасисони кордон, сарсупурда ва донандаи касбу кори худ дар ҷомеа заруранд.

Ба сардухтури тозатаъин Ғаниҷон Боқиҷонов низ комёбиву барор орзу намуд.

Абдусалом Ваҳҳобзода ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои таваҷҷуҳ, эҳтиром ва қадршиносӣ миннатдории хешро баён намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд