(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бахусус Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириҳои доимӣ дар самти рушди футбол изҳори сипос кард.

Таъкид шуд, ки имрўз дар лигаи олии Тоҷикистон ду дастаи шаҳри Хуҷанд: «Хуҷанд» ва «Эсхата» фаъолона иштирок доранд. Дар шаҳр 7 адад варзишгоҳ ва 30 адад майдончаҳо барои бозии футбол амал мекунанд.

Ҳамзамон баҳри рушду густариши ҳамаҷонибаи футбол бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода як қатор иншооти варзишӣ барои бозии футбол бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Баҳри ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба варзиши намуди футбол ҳамасола мусобиқаҳои варзишӣ аз рўйи намуди футбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳр”, “Тўби чармин”, «Бойчечак» ва ғайраҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.

Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси иншооти варзишии ФФТ Раҳмон Муртазоев роҷеъ ба омодагии дастаҳои шаҳри Хуҷанд ба мавсими нави футбол, таҳкими инфрасохтори варзишӣ, дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои нав аз байни наврасону ҷавонон ва ғайра ибрози андеша намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи ташкили дастаҳои футболи ҷавонон, бонувон ва рушди футболи намуди футзал дар шаҳри Хуҷанд матраҳ карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби меҳмонон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти рушди футболи ватанӣ Сипосномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд