(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии муовини нави Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба сохтмон ва меъморӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода санаи 7-уми феврали соли равон бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарори хешро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Сӯҳроб Самадзода ба вазифаи муовини Раиси шаҳр- сарпарасти соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъин гардид.

Ғолиб Шарифзода, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд зимни муаррифии кадри тозатаъин гуфт, ки Сӯҳроб Самадзода 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали хуҷандии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст. Солҳои 2000-2001 устои қитъаи истеҳсолоти ҶДММ КММ-44-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2001-2003 дар вазифаи муҳандиси шӯъбаи истеҳсолоти техникии ҶДММ КММ-44-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Солҳои 2004-2005 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи директори ҶДММ КММ-44-и ноҳияи Ғафуров фаъолият намуда, солҳои 2005-2011 дар вазифаи директори ҶДММ «Замин»-и шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Солҳои 2011-2015 ҳамчун сармуҳандиси идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд адои вазифа намудааст. Солҳои 2015-2016 директори маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.

Аз 22 июли соли 2016 то таъин шудан ба маснади муовини Раиси шаҳр дар вазифаи сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муовини тозатаъини худ Сӯҳроб Самадзодаро баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода даъват намуд.

Таъкид карда шуд, ки эшон вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбарияшон роҳандозӣ намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд