(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" омада, ҷараёни корҳои бунёд, таъмиру тармими иншооти таърихиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.

Дар корҳои азнавсозии иншооти қадима гуруҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ширкат варзида, ҳудуди қалъа сохтмони иншооти ёрирасон низ идома дорад.

Алҳол беш аз 10 ширкатҳои сохтмонӣ бо фарогирии зиёда аз 150 нафар сохтмончиён муташаккилона дар ҷодаҳои гуногуни иншооти таърихию фарҳангӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Таъкид шуд, ки рӯзҳои наздик шумораи коргарон то ба 300 нафар расонида мешавад.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самтҳо муташаккилона идома дорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд