(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altCубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум бо нархҳои дастрас нисбатан аз бозор арзон тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка фаровонии маҳсулот ба мушоҳида мерасид. Нархи як кило гӯшт 50 сомонӣ, як кило пиёз 6, 5 сомонӣ, як кило сабзӣ 2, 5 сомонӣ, як кило равған 15 сомонӣ, як халтаи орди 50 килоӣ 230 сомонӣ, як кило биринҷ 8, 5 сомонӣ, як кило картошка 3, 6 сомонӣ, як кило макарон 7 сомонӣ ва ғайраҳо арзиш доштанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъана даромадааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд