(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Фонди қарзии хурди «Имон»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки бонувони сиёсатмадор, фаъолон, вакили Маҷлиси вакилони вилоятӣ, намояндагони соҳаи бонкдорӣ, иқтисод ва савдо, ҳунармандон доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши васеъ баргузор гардид.

Ҳамоишро Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Дар Паёми навбати худ Пешвои муаззами миллат баён намуданд, ки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа ва минбаъд низ ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Саҳми назарраси занону бонувон дар рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ дар Паёми имсола низ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифт. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид.

Сипас, устоди донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Муҳаррама Темирова таҳти унвони “Масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Паёми Пешвои миллат», директори Фонди қарзии хурди «Имон» Муяссара Пўлотова бо маърӯзаи “Икдомҳои шоистаи Пешвои миллат шоистаи дастгирист», ва ҳунарманд, омўзгори донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Ганҷина Шуҳратзода мулоҳизаҳои хешро бо номи “Паёми Пешвои миллат- пайки зиндагии дурахшон» пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Зикр шуд, ки тибқи дастури Роҳбари Давлат ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшида мешавад, зеро занон дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва Давлату Ҳукумат ба неруву ташаббусҳои бонувон ҳамеша эътимод дорад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла аз миёни кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Инчунин занону духтарон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018 2,4 баробар зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил додааст.
Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд. Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

Бо мубодилаи афкор ба ҳамоиш ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд