(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» дар вазъияти пуршукуҳу тантанавӣ омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷӯрабой Бобоҷоновро аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд самимона истиқбол намуданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Дилафрӯз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Дилбар Исмоилова, директори Маркази рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022” Ҷурабой Бобоҷоновро табрику таҳният намуда, ҳамаи инро самараи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона намудааст. Зеро ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷӯрабой Бобоҷонов ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» гардида, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки 26 январи соли равон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» оғоз гардид, ки дар он муаллимони фанҳои забони англисии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе Фарангез Оддиева, забон ва адабиёти тоҷики Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Гулнамо Мамадгаминова, алгебра ва геометрияи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Бахтовар Ҳукумзода, физика ва астрономия, роҳбари маҳфили фанни физикаи МДРИ-и вилояти Суғди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷурабой Бобоҷонов ва омўзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №99 -и шаҳри Турсунзода Азизамоҳ Идиева ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд.

Озмун се рӯз идома ёфта, дар он аз рӯи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ғолибон муайян карда шуданд.

Мақсад аз баргузории озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод, муаррифии таҷрибаи пешқадами онҳо ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд