(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал гаштааст.

Дар ҷаҳони муосири пуртазод ва зудтағйирёбанда чолишҳои пайиҳам ва таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро беш аз пеш ба ташвиш овардааст. Авзоъ дар кишварҳои ҷангзада собит месозад, ки ин амалҳо бо аҳдофи геосиёсии кишварҳои абарқудрат ва созмонҳову гурӯҳҳои манфиатхоҳ омезиши ҳамсон дошта, чун вабое ва ё силоҳи қатли ом ба тамоми мавҷудоти сайёра таҳдиди амиқ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, ҷанги иттилоотӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Натиҷаи ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносони соҳа ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.

Мусаллам аст, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд.
Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

Иттилоот ва амнияти иттилоотӣ тавзеҳоти зиёд доранд, агар аз рӯи раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, дар замони ҷорӣ метавон иттилоотро бо амният тавъам гуфт. Зеро, ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ рабт доранд. Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва муғризона аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти милливу давлатиамон таъсири манфӣ расонад. Ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳанд, ки аксари онҳо бо даъватҳои оммавӣ тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо ба майдонҳо хондани анбӯҳи одамон сурат гирифтаанд. Тибқи арзёбиҳо, аз ҷумла, сарнагун сохтани ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар Миср, Муаммар Қаззофӣ дар Либия бо даъватҳои ба майдонҳову хиёбонҳо баромадани одамон тавассути шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» сурат гирифта буд ва ин гуна мисолҳоро метавон дар дигар манотиқи ҷаҳон низ мушоҳида намуд. Имрӯз дар системаи сиёсии ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки шаҳрвандонаш корбари фазои маҷозӣ набошанд.

Ҳоло дар ҷаҳон як қатор шабакаҳои иҷтимоие, ба монанди Facebook, Youtube, Instagram, Twitter, Telegram, imo, Google,Viber, Одноклассники, ВКонтакте ва ғайра ба вуҷуд омадаанд, ки ҳамарӯза ба онҳо одамони бисёре ворид гардида, бештари вақти худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд.Махсусан, тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намудани фаъолияти сомонаҳои як қатор ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ихвон-ул-муслимин», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва ё ТТЭ ҲНИ ва даҳо сомонаҳои дигар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин тадбирҳо дар роҳи мубориза бо чунин гурӯҳҳои экстермистиву террористии замони муосир мебошад. Дар шароити муосир дар самти таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои фазои маҷозӣ, махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ, беш аз пеш чораҳои огоҳона ва самаранок андешадан зарур аст. Биноан, коршиносон муътақид бар онанд, ки имрӯз бидуни таъмини амнияти иттилоотӣ наметавон амнияти миллиро комилан таъмин намуд. Коршиносони соҳа зикр менамоянд, ки мебояд дар муқобили чунин ҳуҷумҳои иттилоотии аз хориҷа тарҳрезишаванда посухҳои муносиб дод, зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист.



Фаридун Нуруллозода,
ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд