(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо иштироки бонувони фаъоли шаҳр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шўъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳрдорӣ дар соли 2022 баргузор гардид.

Мудири шўъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ зимни ҳисоботи худ, гуфт, ки шўъба дар соли 2022 фаъолияти хешро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилоят, Раиси шаҳр Барномаҳои давлатии марбут ба соҳа ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ корҳои ободониву созандагӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба монанди инҳо бо ҷалби занону бонувони фаъол баргузор намуд.

Таъкид гардид, ки мақоми занон дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша болост, ки ғамхориҳои рeзафзуни давлату ҳукумат, таваҷҷўҳи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллатамон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону духтарон, баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаю манзалати зан дар ҷомеа хуб эҳсос мешавад. Қабули Барномаи дарозмуддати давлатӣ нисбати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарии ҳуқуқи зану мард далели дар сатҳи давлатӣ ҳаллу фасл шудани чунин як масъалаи ҳаётан муҳим ва дорои стратегияи сиёсӣ мебошад. Ҳаёт худ чӣ дар арсаи сиёсат ва чӣ дар тамоми самтҳои зиндагӣ шахсиятҳои навро ба майдон меорад. Садҳо занони пешқадами Хуҷанди бостонро ном бурдан мумкин аст, ки қатори кулли бонувони мамлакат ва сокинони сарбаланди кишварамон бо меҳнату заҳмати худ дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоxагии халқ, болоравии маърифату маънавиёт, авҷи корҳои ободонӣ, дар маҷмўъ пешбурди кулли далелҳои ҳаёти ҷамъиятю, шукуфоии Тоxикистони азиз саҳми арзанда гузошта, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат будани худро собит месозанд. Аз ҳисоби занон симоҳои нав ба арсаи сиёсату иҷтимоиёт мебароянд. Ин теъдод, бахусус дар соҳаи маориф бештар аст. Шумораи занони роҳбар дар дигар соҳаҳо низ торафт афзуда истодааст.

Имрўз дар шаҳри Хуҷанд 200 ҳазору 400 нафар аҳолӣ буда аз ин 97 ҳазору 660 нафар занону духтарон ташкил медиҳад, ки аз ин занони роҳбарикунанда 1216 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Маҷлиси вакилони шаҳр аз 40 нафар намояндаи мардумӣ 14 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, аз ҳисоби занони шаҳри Хуҷанд 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мебошанд. Занон дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз 25 нафар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ 6 нафарашонро занон ташкил медиҳанд:

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр 23 нафар қаҳрамонмодар, 60 нафар сазовори ордену медалҳо, 100 нафар унвону ҷоизаҳои давлатӣ 10 дорандаи “Медали шоиста”, 13 нафар докторони илм, 104 нафар номзадони илм, 180 нафар варзишгарони номдор мебошанд.

Аз 51 директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 34 нафар аз ҳисоби занон фаъолият бурда истодаанд. Дар шаҳр 49 нафар мудирони муассисаҳои томактабӣ, сардухтурони беморхонаҳо - 7 нафар, аз ҳисоби занон фаъолият мебаранд.

Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд 55 нафар доктори илм ва 356 нафар номзади илм аз ҳисоби занон фаъолият дошта, аз 5280 нафар кормандони соҳаи маориф 4466 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки аз он 81 нафарашон роҳбар буда, 167 нафарашон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Алҳол, аз 29 ҳазору 605 нафар духтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳр таҳсил менамоянд, 55 нафар гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд Аз ҷумла 56 нафар гирандагони идрорпулии (стипендия) Президентӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар шаҳри Хуҷанд 21 нафар нафар ятимдухтарони ноболиғ зиндагонӣ мекунанд.

Масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати баланд бардоштани дониши касбӣ ва малакаи кории хизматчиёни давлатӣ ва омўзиши гендерии хизматчиёни давлатии мақомоти идоракунии маҳаллӣ тавассути системаи тайёркунӣ ва аз нав тайёркунии кадрҳои дастгоҳи идораҳои давлатӣ корбарӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки “Барномаи давлатии тарбия интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардидааст. Таҳия, қабул ва амалигардонии Барномаи зикршуда барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зўроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштирокии фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва болоравии маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд. Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмўъи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунад. Бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда, баланд бардоштани обрўву нуфузи онҳо дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, дар асоси Барнома ва тибқи нақша – чорабинии он ҳамасола дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр курси 3 моҳаи «Зан – сарвар» баргузор мегардад, ки шурӯъ аз давраи амалишавии барнома соли 2017 то ин дам 200 нафар занону бонувон онро хатм намуда, соҳиби «Гувоҳнома» гардиданд. Соли ҷорӣ низ барои омода намудани занони роҳбар шуъбаи кор бо занон ва оила тасмим гирифтааст курси ”Зан- роҳбар”-ро оғоз намуда аз моҳи апрели соли равон барои ҷавонзанони болаёқат аз соҳаҳои гуногуни шаҳр ба курси номбурда ҷалб карда шаванд.

Сипас чанде аз бонувони фаъоли шаҳр баромад намуда, доир ба натиҷаи фаъолият дар соли 2022 андешаҳои хешро баён доштанд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз масъулини дахлдори соҳа ҷиҳати иҷрои қонунҳо, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, ҳамзамон ба курсҳои омӯзишии касбу ҳунарҳои миллӣ ҷалб намудани занон ва духтарони бешуғли маҳаллаҳои шаҳр, таъмини устувории оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии рӯй овардани занону духтарон ба фарҳанги бегона ва маърифати оиладорӣ, ҷоннок намудани намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ машварату дастурҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд