(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо иқдомоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти вилояти Суғд санаҳои 28-уми январи соли 2023 дар майдони назди театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Иди Сада, намоиш-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Ярмаркаи мазкур бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии шаҳру навоҳии вилоят гузаронида мешавад.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳоро аз ярмарка бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд