(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини соҳа ҷаласаи Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳрдорӣ ва натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи бахши ҷавонон ва варзиш баргузор гардид.

Абдувосит Ғафуров, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина солим гардонидани ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти татбиқи рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис гардида, фаъолияти худро дар самти такмилу оммавигардонӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба роҳ монд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани банди 1-уми Нақшаи кории Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, татбиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 16 августи соли 2022, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2022 - 2026» рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҷалби васеи омма ба намудҳои мухталифи варзиш ва бахшида ба санаҳои таърихӣ дар соли 2022 зиёда аз 100 чорабиниҳои варзишӣ аз қабили мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ ва монанди инҳо бо ҷалби беш аз 90 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарону мухлисон ва сокинону меҳмонон баргузор гардиданд.
Барномаи дурнамо, самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро муайян ва ҷанбаҳои асосии тарбияи ҷисмонии аҳолиро дар бар гирифта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои омодагии захираҳои варзишӣ ва омода намудани варзишгарон барои иштирок дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки дар ҳудуди шаҳр новобаста аз шакли моликият беш аз 310 иншооти варзишӣ аз ҷумла варзишгоҳ, иншооти одии варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва иншооти барои машғулиятҳои варзишӣ сохта мутобиқгардонида мавриди истифода қарор дорад.

Дар шаҳри Хуҷанд 4 муассисаҳои варзишии вилоятӣ ва 6 муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишӣ аз ҷумла мактабҳои варзишии №1, №2, №3, №4, мактаби махсуси намудҳои гўштин, мактаби варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгоҳи “Спартак” дар асоси оиннома ва Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба рох монда, раванди тамриниро мутобики Стандартхои давлатии тайёрии варзишӣ, робитаи хамкориро бо федератсияхои варзиши ҷихати оммавӣ намудани варзиш ва ҷалби пештари наврасону ҷавонон ба варзиш чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар 6 муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳр 123 нафар мураббиён аз рўи 28 намуди варзиш дар 285 гурўҳ машғулиятҳои варзиширо мегузаронанд. Аз рўи маълумотнокӣ аз 123 нафар мураббиён 51 нафар соҳиби маълумоти олӣ, 72 нафар маълумоти миёнаи тахассуси доранд. Аз шумораи умумии кормандони соҳаи варзиш 12 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад. Шумораи машқварзон ба 4672 нафар расид, ки аз ин шумора 892 нафарашон духтарон мебошанд.

Мураббиён дар муассисаҳои варзишӣ аз рўи 3 намуди милли варзишӣ, 8 намуди ғайриолимпӣ ва 17 намуди олимпӣ машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд.

Ҳамчунин ҷиҳати оммавӣ гардонии варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ федератсияҳои варзишии намудҳои футбол, баскетбол, бокс, каратэ, гўштини дзюдо, ушу, қаиқронӣ, теннис, таэквандо ва ҷиу-ҷитсу фаръолияти худро ба роҳ мондааст.

Сипас дар ҷараёни Шўро аъзои он баромад намуда, андешаҳои хешро ҷиҳати рушди соҳа баён доштанд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бахши ҷавонон ва врзиши шаҳр зикр гардид, ки дар соли 2022 зиёда аз 180 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва монанди инҳо бо ҷалби беш аз 145 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарон ва сокинону меҳмонон баргузор гардиданд.

Самтҳои афзалиятноки соҳаи ҷавонон даҳ самтро дар бар мегирад, ки он иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, шуғлнокии онҳо, таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, таъмини мустақилияти иқтисодӣ, тарбияи ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдўстӣ, ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, мувофиқи маълумотҳои оморӣ шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли 2022 ба 61 ҳазору 900 нафар расид, ки аз ин 30 ҳазору 900 нафарашон духтарон мебошанд.

Бо мақсади татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 чорабиниҳои мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо ва корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо ҷалби 10800 нафар ҷавонону наврасон ва варзишгарон баргузор гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ хонишҳои сиёсӣ таҳти унвони “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ”, “Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ” “Истиқлолияти давлатӣ шиносномаи ҳар яки мост”, “Ба қадри сулҳу суббот, ваҳдат ва истиқлолият мерасем”, “Ман ба қадри сулҳу ваҳдат ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат мерасам”, “Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мо ҷавонон аст”, “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” хонишҳои сиёсӣ бо фарогирии 9760 нафар ҷавонони аз 14 то 18 солаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр баргузор карда шуд.

Ҳамзамон зиёда аз 30 аксияҳову ҳамоишҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ ва иттилоотӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум мекунем!”, “Тарзи ҳаёти солим – интихоби мо ҷавонон!”, “Танзим баракати зиндагӣ!”, “Барои Ватани маҳбубамон хизмат мекунем!”, “Ба Пешвои худ содиқ мемонем!” ва “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!”, “Либос-нишон аз фарҳанги миллӣ”, “Мо ниёз ба фарҳанги бегона надорем” баргузор гардида, дар он 12560 нафар ҷавонону наврасон иштирок намуда, 10200 адад маводҳои тарғиботӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсимот карда шуд.

Таъкид шуд, ки дастовардҳои варзишгарони шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар мусобиқаву чемпионатҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ назаррас мебошанд.

Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои варзишӣ аз рўи намудҳои чавгонбозӣ, гўштини юнонӣ рўмӣ, шиноварӣ, тирпарронӣ, теннис, гўштини тарзи озод қаиқронӣ, каратэ, таэкван-до, бадминтон, футбол, баскетбол, волейбол, бокс, гўштини самбо, дзюдо фаъолона ширкат варзида, соли ҷорӣ варзишгарони шаҳр ба гирифтани 2430 медал аз ҷумла 835 адад медали тилло, 700 адад медали нуқра ва 895 адад медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Сипас дар ҷараёни муҳокима аз ҷониби Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз масъулини соҳа пурсиш ба амал оварда шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, афзун намудани дастовардҳои соҳа вазифагузорӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд