(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори муассисаи таълимии “Мактаб барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохўрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии “Камоли Хуҷандӣ №4”, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода ҳадафи мулоқотро шарҳ дода, афзуд, ки
мақсади гузаронидани вохўрӣ ин шарҳу тавзеҳоти нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва баррасии арзу дархости интихобкунандагони ҳавза мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки 23 декабри соли 2022 дар толори калони Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва консепсияи фаъолият бо мароқи хоса тамошо намуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ сармашқи кор ва дастури роҳнамо барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ва муҳайё намудани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар маҳсуб мешавад.

Воқеан, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамасола дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш ҳидоят менамояд. Имруз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таассуроти роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад.

Паёми Пешвои миллат раҳнамои рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани нуқтаҳои асосии он метавонад барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва боло рафтани нуфузи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу қаноатмандӣ зикр карданд, ки дар натиҷаи меҳнати аҳлонаю хулосабарории дурусти сокинони кишвар соли 2022 ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои судманд андешида шуданд. Таъкид намуданд, ки соли 2022 барои мардуми сарбаланди мо яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромўшнашаванда, яъне 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки кишвари азизамон ба марҳилаи нави рушди тараққиёти худ ворид мегардад. Чунин иброз намуданд, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони Истиқлолият- сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имруза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқонаю софдилона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои вазнинро аз сар гузарониданд.

Таъкид шуд, ки ҳангоми ироаи Паёми имсола низ Пешвои муаззами миллат ба масъалаи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, идоракунии босамари молияи давлатӣ, такмилдиҳии фишангҳои қарздиҳии бонкӣ, тақвиятбахшии корҳо ҷиҳати таъмини иҷрои босифати қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, самаранок истифодабарии имкониятҳои мавҷуда баҳри рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ахлоқию хештаншиносии насли ҷавон, омодасозии мутахассисони ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгў, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани бонувон ва кадрҳои ҷавон, омўзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳо эътибори махсус дода, ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд.
Рушди илму маориф яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, дар Паём, чун ҳамасола Роҳбари давлат ба пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим, таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлату хукумат сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.

Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд. Донишу таҷриба, нерўи зеҳнии худро баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисос, омўзгорони соҳибкасбу соҳибмаърифат, шахсиятҳои ватандўсту шуҷоъ, садоқатманду худшинос равона намоянд.

Зикр гардид, ки ҳамасола таваҷҷўҳу дастгирии роҳбарияти олии кишвар ба гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, оилаҳои ниёзманди ҷомеа ва соҳаи тандурустӣ низ ҳамасола зиёд гардида истодааст.

Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омўзем ва онро дар ҷавонону насли наврас ҳамчун асоси ғояи ватандўстиву садоқат ба Ватан ташвиқу тарғиб намоем, ҳар гуна таҳдидҳои хатарафзо- терроризму экстремизмро пешгирӣ намоем, ҷавонону мардуми худогоҳу ватандўсти кишварро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват намоем.

Ҳамчунин, болоравии сатҳи зиндагии мардумро Роҳбари давлат бо пешниҳоди далелу рақамҳои асоснок бозгўӣ намуда, дастур доданд, ки сокинони кишвар бояд аз исрофкориҳои захираҳои моддию молиявӣ худдорӣ намоянд.

Яке аз вазифагузориҳое, ки Пешвои муаззами миллат дар Паём махсус қайд намуданд, “мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрўи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Пешвои миллат таъкид медоранд, ки “мо бояд ватандўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромўш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандўстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррўзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем. Мо гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро пешаи худ қарор дода, барои ободии Ватан, хизмат ба миллат нерӯи худро дареғ намедорем. Минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми худро мегузорем.

Фирдавс Шарифзода иттилоъ дод, ки бо мақсади пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳия карда шуда, сохтмон ва таъмиру таҷдиди 590 иншоотҳои таъиноташон гуногунро дарбар мегирад. Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз тарафи ташкилоту идораҳо ва соҳибкорони ватанӣ то инҷониб 190 адад сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншоотҳои таъиноташон гуногун бунёд шуд. Инчунин дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон зиёда аз 100 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст.

Дар анҷоми мулоқот таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сокинони Хуҷандшаҳр тамоми имкониятҳои худро баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои ояндабинонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода равона намуда, ривоҷи корҳои ободонию созандагиро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат ва ободии имрўзу фардои кишвар, амалӣ намудани чорабиниҳо ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмин хоҳанд намуд.

Сипас аз тарафи интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии “Камоли Хуҷандӣ №4” суолу дархост ва пешниҳодоти судманд ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода манзур ва ҷавобҳои қаноатбахш гирифта шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд