(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо иштироки фаъолони маҳаллаи Раззоқ, Масҷиди Савр, Чорчароғи шаҳри Хуҷанд ва устодону кормандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид.

Чорабиниро директори донишкада, вакили Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилон халқ Дилафрӯз Саидӣ ифтитоҳ намуда, оид ба равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, ки дар Паёми Сарвари давлат бо натиҷагирӣ аз фаъолияти панҷсола таҳлил ва муқоиса шуд, сухан намуд. Мавсуф зикр дошт, ки таҷдиди назар кардани мазмуну мундариҷаи таълим, муайян намудани самтҳои афзалиятноки илмӣ, ташкили технопаркҳо, таъсиси корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ, такмили ихтисоси кормандон ва устодон, ривоҷу равнақ додани робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, тақвияти забономӯзӣ ба рушди бесобиқаи илм ва маориф асоси воқеӣ гузошт.

Баромадкунандагон Усмонҷон Ахмедов, муовини директор оид ба илм ва инноватсия, Зариф Довудов, муовини директор оид ба тарбияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, рӯзноманигор Абдусабур Абдуваҳҳобов оид ба самтҳои илм, маориф, сиёсати давлатии ҷавонон, масъалаи дурнамои инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ ва аҳамияти таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Нотиқон таъкид доштанд, ки ҳадафи аслии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст. Барои расидан ба ин ҳадафи бузург бояд пояи мактабу маориф, сатҳи саводнокии насли наврас ва ҷавонон баланд бардошта шуда, онҳо дар руҳияи ифтихори миллӣ ва худшиносӣ тарбия ёбанд. Зеро вазъи ҳасоси ҷаҳони муосир, қудратталабию кишварҳои пешрафта, тақсимоти ҳудудӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ ҳаминро тақозо дорад.

Дилафрӯз Саидӣ зимни ҷамъбасти вохӯрӣ ҳозиринро ба меҳнати аҳлонаву суботкорона, ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ даъват намуд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд