(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шӯъбаи маорифи шаҳр, дар Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 28 нишасти 205-и маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» баргузор гардид. Дар он қариб 200 нафар омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, устодони донишгоҳҳо, олимону адибон ширкат варзиданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода зикр намуд, ки ҷомеаи имрӯзи мо бо ҳидояту дастур ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаҳои нав ва пурсамари рушд расидааст. Аз ин рӯ, ниёзи ҷомеа ба маънавият, омӯзиш ва тадқиқ рӯз аз рӯз афзун гашта, зиёиён, аҳли илму адаб бештар вазифадор мегарданд, ки бо роҳҳои гуногун дараҷаи маърифатнокии ҷомеа, махсусан, ҷавононро баланд бардоранд. Дар идома зикр намуд, ки “ барномаи имрӯзаи маҳфил ба кори омӯзгорони мактаб иртибот дорад. Зеро тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву миллатправарӣ ва сухандониву ҳикматомӯзӣ аз муҳимтарин вазифаҳои маорифи кишвар мебошад. Гузашта аз ин ҳамкории омӯзгорони мактабҳои умумии миёна бо донишгоҳҳо яке аз масъалаҳои мубрами имрӯза ба ҳисоб меравад.. Ман бовар дорам аз маърӯзаҳои олимону устодон ва муҳокимаву андешарониҳои ҳозирин мо барои худ бардоштҳои муҳими илмиву амалиро ҳосил хоҳем намуд.”

Дар бахши навгониҳои илмиву адабӣ якчанд китобҳои тозанашр муаррифӣ гардид.

Сипас дар мавзӯи”Донишгоҳ ва мактаб: мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ номзади илмҳои педагогика, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуҳаким Шарипов маърӯзаи пурмӯҳтавое намуда, пешниҳодҳои ҷолибе дар ҳамкории минбаъдаи донишгоҳу мактаб баён намуд. Ӯ гуфт, ки “мақсади мо тарбияи фарзандони хушбахт ва хуштолеи кишвар мебошад ва дар ин самт тарбияи дуруст ва дониши баланд нақши муҳим мебозад.

Мирзоҳабиб Аҳмадов, номзади илмҳои филология дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Маърифати адабиёт дар мактаб” маърӯзаи илмӣ намуда, муҳимтарин меъёрҳои дарку фаҳмиши осори манзумро дар мактаб тавзеҳ дод. Дар ин самт ба омӯзгорон якчанд китобу дастурҳои методиро тавсия дода омӯзгорони забон ва адабиётро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Номзади илмҳои филология забоншинос Нуруллохон Ғиёсов доир ба ҳамкориҳои ногузири донишгоҳҳову мактабҳо изҳори назар намуд. Ӯ гуфт, ки, “Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам, пешниҳод кунам, ки роҷеъ ба масъалаи таълим ва саҳми донишгоҳ дар ҳалли масоилу муаммоҳо як конфронси илмӣ дар ягон мактаб бо иштироки ҳам устодони донишгоҳ ва ҳам устодони пуртаҷрибаи мактаби таҳсилоти умумӣ барпо гардад”.

Сипас дар маҳфил оид ба моҳияти Озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” Саидумрон Саидов, номзади илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд. Ӯ оид ба роҳҳои ҷалби чеҳраҳои нав дар озмун изҳор назар намуда, баргузории ин гуна озмунро аз муҳимтарин ибтикороти Сарвари давлат дар ҷодаи рушди маънавиёт ва маърифат дар ҷомеаи муосир арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр намуд,ки омӯзгорон дар ҷодаи тарбияи ҷавонони эҷодкор махсусан ҷалби онҳо барои иштирок дар ин гуна озмуни бонуфуз масъулияти бештарро дар дӯш доранд ва дар ин ҷода низ онҳо бо устодони донишгоҳҳо ҳамкории худро бояд идома бахшанд.

Дар бахши “ Суханронӣ ва шеърхонии адибони ҷавони вилоят” шоираи хушсалиқа Дилноз шеърҳои нави худро қироат намуд, ки аз ҷониби ҳозирин хуш истиқбол гардид.

Устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шарифҷон Тоҷибоев, Субҳонҷон Аъзамзод, ва Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода андешаҳои худро оид ба маърӯзаҳо баён намуданд.

Дар поёни маҳфил силсилаи китобҳо ба китобхонаи тозабунёди мактаби №28 супорида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд