(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ибтикори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Паём – сарчашмаи маърифат ва зиндагии шоиста” конференсияи илмию назариявӣ доир гардид.

Конфронсро директори филиали Донишкада дотсент Муҳаммад Исомаддинзода оғоз бахшида, роҷеъ ба аҳамияти бузурги стратегии Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, дастовардҳо дар самту соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, рушду такомули фарҳангу маънавиёт ва амсоли инҳо муфассал ибрози андеша намуд.

Баъдан тибқи барнома дар мавзуи «Паём ва масъалаҳои рушди устувори Тоҷикистон», муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, роҷеъ ба масъалаҳои рушди маориф дар Паёми Пешвои миллат муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов, таҳти унвони «Паём – башорат ба фардои дурахшон», дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов, доир ба мавзуи “Паём ва масъалаҳои маърифатнокии ҷомеа”, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи филиали ДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд Шавкат Рустамов маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Дар суханрониҳо зикр гардид, ки имрўзҳо кулли мардуми шарафманди диёри арҷмандамон таҳти таассуроти наҷиб аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар Паёми навбатӣ низ дар радифи Паёмҳои дигари Пешвои муаззами миллат маҷмӯи дастоварду комёбиҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар марҳилаҳои сипаришуда амиқу ҳамаҷиҳата таҳлилу баррасӣ гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда мушаххас арзёбӣ шуданд.
Агар ба моҳият ва муҳтавои Паёмҳои Пешвои муаззами миллат назар афканем, равшан ба назар мерасад, ки ин санадҳои таърихӣ аз лиҳози муҳимияти иҷтимоиву сиёсӣ дар таърихи давлатдории миллиамон тавъам бо воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувори кишвар мунтазам ва ҳамасола ироа мешаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба моҳият ва рисолати таърихии Паёмҳои ироагардида возеҳу равшан дармеёбем, ки онҳо ба ҳайси навид ва нусратҳои тоза, дастовардҳои беназир дар самти давлатдории навини миллӣ, тантанаи хираду адолат, дўстию рафоқат ва некию накўкориҳо баромад намуда, аз тасмимҳои бузургу беназир барои имрўзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мужда мерасонанд. Тавре дар Паёми навбатии Роҳбари давлат зикр гардид, соли сипаришуда низ барои миллату давлати мо соли пур аз рўйдодҳо ва дастовардҳои наҷиб дар ҷабҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, чун соли пурфайзу бобарор, соли пур аз рўйдодҳои бузург, комёбиҳо, созандагиву бунёдкориҳо, соли дўстӣ дар таърихи давлатдории навин нақш бастааст.

Воқеан, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии ташаббусҳои наҷибу созанда на танҳо дар дохил, балки дар арсаи сиёсати байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи устувор пайдо намудааст. Бесабаб ҳам нест, ки кишвари мо, бо ибтикороти наҷиб ва башардўстонаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шуда, тўли ин солҳо баҳри пешрафту осоиштагӣ ва ободии сайёра сазовор саҳм гирифта меояд.

Аз ҷумла, санаи 14-уми декабри соли 2022 бо ташаббуси нави Тоҷикистон эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» пазируфта шудани санаи 21-уми март бо қарори якдилонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо аз зумраи ташаббусҳои наҷибу созанда ва беобиқаи Ҳукумати мамлакатамон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ арзёбӣ гардида, амалӣ гардидани панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра мояи ифтихори ҳар як нафар шаҳрванди ватандўсту ватанпарвари кишвар мебошад.

Аз зумраи нуктаҳои муҳиме, ки дар маърўзаҳо вобаста ба соҳаи маориф баён гардиданд, ин шурўъ аз 1-уми июли соли 2023 ба андозаи 20 дарсад баланд бардошта шудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо, таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати такмили заминаҳои маърифатнокии баланди ҷомеа, рушди неруи инсонӣ, таъмини рушди бонизоми соҳаи маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити торафт мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон дар самти таълиму тадрис, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй ба ҳисоб меравад, ки аҳли маорифро пайваста руҳу илҳоми тоза мебахшанд. Аз ҷумла, қабул гардидани «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» аз зумраи тадбирҳои муҳиму саривақтие ба ҳисоб меравад, ки дар самти тарбия ва ба камол расонидани наслҳои бунёдкору созанда мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд