(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 бо иштироки директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Тахмина Усмонова, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Абдумуталлиб Каримов ва кормандони марказ баргузор гардид.

Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд доир ба бурду бохти соҳа дар соли 2022 маърўза намуда, аз ҷумла афзуд, ки кормандони Марказ дар асоси талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ҳамарўза ҷиҳати дар сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд. Тибқи муқаррароти Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», ба ҳамаи норасогиву камбудиҳо ва мушкилиҳо нигоҳ накарда аз тарафи мутахассисони соҳаи санитарӣ то имрўз вазифаву ўҳдадориҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гузоштааст, софдилона иҷро карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки зимни санҷишҳо 508 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони масъули ба камбудиҳо роҳ дода тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи 67953 сомонии ҷарима рӯёнида шуд.

Вобаста ба вазъи эпидемиологии сироятёбии аҳолии шаҳр ба бемориҳои илтиҳоби шадиди шуш ва коронавируси нави COVID-19 иттилоъ дода шуд, ки он бо андешидани тадбирҳои ваксинамоӣ пурра аз байн рафта бошад ҳам, вазъи пандемикии давлатҳои дунё, кишварҳои ҳамсоя ташвишовар боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз, дар оянда низ дар ин самт фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ мунтазам зери назорат қарор дода мешавад, то ин ки аз пайдоиш ва хуруҷи беморӣ пешгирӣ карда шавад.

Дар ҷараёни ҷаласа директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Тахмина Усмонова, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Абдумуталлиб Каримов баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, дар қатори дигар кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ, фаъолияти пурсамар намуданд ва дар оянда низ барои боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият кардан ва бартарафкунии камбудию норасоиҳои фаъолияти худ чораҳо меандешанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд