(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд дар партави омўзиши амиқ ва иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки омўзгорони ин муассисаи таълимӣ мизи мудаввар таҳти унвони "Паёми Пешво-роҳнамои мо» баргузор гардид.

Чорабиниро директори муассиса Наима Масобирова ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Мо бояд ҳамагон барои иҷрои нуктаҳои Паём нақша-чорабиниҳо таҳия ва аз рўйи он амал намоем.

Сипас, омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи мазкур Нигора Абдураҳмонова доир ба соҳаи маориф, ки дар Паём таҳлил шуд, маълумоти бештар дод.

Зикр гардид, ки Давлату Ҳукумат мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин донистааст.

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намудаанд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Ва зикр шуд, ки ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар ҷараёни мизи мудаввар роҷеъ ба масъалаҳои дигар дар Паёми Роҳбари Давлат ироагардида, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд